Қатъи ҳаракати қаторҳои Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон аз аввали август
Июл 26, 2016 16:41 Asia/Dushanbe
Масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, Узбакистон эълом кардааст, аз аввали август ҳаракати қаторҳои ин кишвар дар қаламрави Тоҷикистон қатъ мешавад.
Ба гуфтаи ин масъулон, бо ин иқдом Тошканд даромадҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ба шиддат коҳиш меёбад, зеро бештарин даромади он аз тариқи транзити борҳои мутааллиқ ба Узбакистон таъмин мешуд ва иттико ба ҳамли борҳои дохилӣ даромади чандоне барои роҳи оҳани Тоҷикистон нахоҳад дошт.
Ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа гузориши вижаи худро ба ин мавзуъ ихтисос додааст :
Барчасп