Май 13, 2022 19:21 Asia/Dushanbe
  • Арзаи осори Эмомалӣ Раҳмон дар Намоишгоҳи китоби Теҳрон

Ғурфаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиюсеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ба муаррифӣ ва ироаи осоре аз Раиси Ҷумҳурии ин кишвар мепардозад.

Ғурфаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиюсеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар толори байналмилали Роҳравӣ – 2, ғурфаи шумораи 16 ҳузур дорад.

Дар ин ғурфа осоре аз Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Нигоҳе ба таъриху тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат - ҳастии миллат», ки дар бора забони тоҷикӣ ва нисбаташ бо забонҳои эронӣ аст, ба мухотабон ироа шудааст.

Ҳамчунин дар ин ғурфа китобҳое дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла «Бунёдкор», «Ҳафт сол аз зиндагии Эмомалӣ Раҳмон» ва «Дар бораи пешвои Тоҷикистон» низ ироа шудаанд.

Бархе аз китобҳои Эмомалӣ Раҳмон тавассути ноширони эронӣ низ аз сириллик ба форсӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин дар худи кишвари Тоҷикистон низ ин китобҳо тавассути ноширони тоҷик ба ҷуз хати сириллик ба забони форсӣ низ мунташир шудаанд.

Масъули ғурфаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори хабаргузории “Меҳр” гуфт, ки ин китобҳо барои фурӯш нестанд ва ҳар ношире, ки қасди тарҷумаву интишори ин китобҳо дар Эронро дорад, бояд барои ҳамоҳангиҳои лозим ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон муроҷиа кунад.

Ҳамчунин дар ин ғурфа осорӣ аз Сотим Улуғзода, шоир ва намоишноманависи машҳури Тоҷикистон низ ироа шудааст. Аз ин нависанда пештар тарҷумаи намоишномаи «Темурмалик» дар Эрон мунташир шудааст.

 

Барчасп