Май 15, 2022 08:37 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Миллал

Дар дидори вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Миллал чашмандози густариши ҳамкориҳо баррасӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Завқӣ Завқизодаазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Сизин Синонуғлу-ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Миллали Муттаҳид дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд .
Дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи таъмини молии аҳдофи роҳбурдии кишвар ва иқдомот барои ҷилавгирӣ аз таъсири таҳдидоти эҳтимолӣ бар иқтисоди миллии мусавваб аз 18 марти соли 2022 баҳсу баррасӣ шуд .
Ҷилавгирӣ ва вокуниш дар баробари балоёии табиии бархоста аз тағйири иқлим аз дигар мавзӯъоти мавриди баррасӣ буд .
Ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Миллали Муттаҳид дар суханоне омодагии ин созмон ва ожонсҳои он барои ироаи кумак дар иҷрои аҳдоф ва авлавиятҳои тавсеаи Тоҷикистон ва созмондиҳии рӯйдодҳои фавқро иброз дошт .

 

Барчасп