Афзоиши дубораи кирояҳо дар нақлиёти мусофирбарӣ дар Хуҷанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i85750-Афзоиши_дубораи_кирояҳо_дар_нақлиёти_мусофирбарӣ_дар_Хуҷанд
Кирояҳо дар нақлиёти мусофирбарӣ дар Хуҷанд,маркази вилояти Суғд дубора афзоиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 15, 2022 09:09 Asia/Dushanbe

Кирояҳо дар нақлиёти мусофирбарӣ дар Хуҷанд,маркази вилояти Суғд дубора афзоиш ёфт.

Мақомоти ширкати нақлиётии шаҳри Хуҷанд далели ин иқдомро афзоиши нархи сӯзишворӣ эълом карданд .
Нархи  кирояи ҳар мусофир аз 2 сомонӣ ба 2 сомониву 50 дирам расидааст.
Гуфта мешавад дар шаҳри Хуҷанд 850 маршрутка(минибус)и соляркасӯз мусофиркашонӣ мекунанд.
Садои Шавкат Исмоилов-раиси идораи мудирияти ҳамлу нақли Суғд ва шуморе аз сокинони ноҳияро бишнавед: