Афзоиши 20 дарсадии қимати орд дар Тоҷикистон
Май 16, 2022 11:35 Asia/Dushanbe
Қимати орд дубора дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, қимати ҳар кисаи 50 килограмии орд дар Тоҷикистон тайи як моҳи ахир 20 то 25 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Агар моҳи қабл ин шохис 350 сомонӣ буд, акнун ба 370 сомонӣ расидааст.
Мақомоти Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон иллати афзоиши қимати ордро маҳдудияти содироти гандум аз Қазоқистон ва афзоиши қимати сӯхт ва кирояи ҳамлунақл унвон мекунанд. Тоҷикистон дар сол ба 2 миллион тон гандум ниёз дорад, ки 90 дарсади он аз Қазоқистон ворид мешавад.
Барчасп