Сарлашкар Боқирӣ вориди Душанбе шуд
(last modified 2022-05-16T08:51:58+00:00 )
Май 16, 2022 13:51 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ вориди Душанбе шуд

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар садри ҳайати баландпояи низомӣ ба манзури иртиқо ва тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомӣ бо Тоҷикистон, вориди ин кишвар шуд.

Сардори сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳангоми вуруд ба Душанбе мавриди истиқболи генерал Эмомалӣ Собирзода, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳ ва муовини аввали вазири дифоъ ва ҷамъе аз мақомоти низомии Тоҷикистон қарор гирифт.

Сарлашкар Боқирӣ дар ин сафар зимни дидору гуфтугӯ бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз марокизи низомӣ ва илмии Неруҳои мусаллаҳи ин кишвар низ боздид хоҳад кард.

Сарлашкар Боқирӣ тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ байни ду кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз аҳдофи аслии ин сафар унвон кард ва гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як минтақаи геополитикӣ қарор доранд ва иттифоқоту ҳаводиси ҳар ду кишвар бар якдигар таъсиргузор хоҳад буд.

Сарлашкар Боқирӣ бо ишора ба сиёсати давлати Ҷумҳурии исломии Эрон мабнӣ бар тавсеаи равобит бо ҳамсоягон афзуд, дар ростои иртиқои амният, оромиши ҳар ду кишвар, дидорҳои дуҷонибаеро дар тӯли сафар бо мақомоти низомиву сиёсӣ хоҳем дошт.