Миср хостори ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои ин кишвар дар Тоҷикистон шуд
(last modified Mon, 16 May 2022 13:13:02 GMT )
Май 16, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Миср хостори ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои ин кишвар дар Тоҷикистон шуд
    Миср хостори ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои ин кишвар дар Тоҷикистон шуд

Ҳайати бозаргонии мисрӣ, ки ба манзури шиносоӣ бо фурсатҳои сармоягузори дар Тоҷикистон дар ин кишвар басар мебарад, хостори ифтитоҳи шуъбаи бонкҳои мисрӣ дар Душанбе шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ин матлаб дар дидори ҳайатҳое аз бозаргонони мисрӣ ба раёсати Усома Муҳаммад Камол бо Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе унвон шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо истиқбол аз пешниҳоди тарафи мисрӣ дар бораи шароити фаъолияти бонкҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон аз пешниҳоди тарафи мисрӣ дар бораи роҳандозии ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва бима ҳимоят мекунад.

Гурӯҳи сармоягузорони мисрӣ дар чорчуби ҳамоиши муштарак бо тоҷирони Тоҷикистон созишномаи таъсиси корхонаи муштарак дар минтақаи озоди иқтисодии Кулобро имзо кард.