Май 17, 2022 13:11 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи корхонаи тавлиди ҳавопаймои бидуни сарнишини тамом эронии

Корхонаи тавлиди паҳпод (ҳавопаймои бесарнишин) - и тамом эронии "Абобил - 2" бо ҳузури раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазири дифои Тоҷикистон дар Душанбе, пойтахти ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Паҳподи тамом эронии “Абобил – 2” аз майдонҳои партоби заминӣ, ки рӯйи мошин қарор доранд, қобили парвоз аст ва аз тариқи чатр бозёбӣ мешавад. Ниёз надоштани ин паҳпод ба бонди парвоз барои нишасту бархест боис шудааст “Абобил -2” аз қобилияти таҳаррук ва ҷобаҷоии болое барои парвоз бархӯрдор бошад.

Паҳподи “Абобил -2” тавассути маркази ҳидояти заминӣ ҳидоят ва контрол мешавад ва метавонад тасовири ба дастомадаро ба сурати онлайн ба маркази контролу фармондеҳӣ мухобира кунад.

Шиносоии ҳавоӣ ва назорат бар майдони ҷанг, гашти марзии аккосии ҳавоӣ, танзими тирандозии тӯпхона ва иҷрои амалиётҳои инҳидомӣ аз дигар қобилиятҳои ин паҳпод аст.

Бурди амалиётии ин паҳпод 100 километр аст ва “Абобил -2” мудовимати парвозии 75 то 120 дақиқаро дорад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 11000 поӣ (фут) ва бо суръати 250 километр бар соат парвоз кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ростои тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, корхонаи тавлиди паҳподи тамом эронии “Абобил - 2" бо ҳузури сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ва Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи кишвари Тоҷикистон дар Душанбе, пойтахти ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Сарлашкар Боқирӣ дар ин маросим бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон бо талоши мутахассисону донишмандони мутааҳҳиди худ ва бо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ тавониста дар тамоми абъоди низомӣ ва дифоӣ, ба вижа ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин рушди қобили таваҷҷуҳе дошта бошад, гуфт: Имрӯз дар ҷойгоҳе ҳастем, ки метавонем илова бар рафъи ниёзҳои дохилӣ, ба кишварҳои ҳампаймону дӯст дар ҷиҳати афзоиши амнияту сулҳи пойдор таҷҳизоти низомӣ содир кунем.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ифтитоҳи тавлиди корхонаи “Абобил – 2” дар Тоҷикистонро нуқтаи атфе дар ҳамкориҳои низомии байни ду кишвар унвон карду афзуд, дар оянда шоҳиди афзоиши ҳамкориҳову таомулоти бештар аз тамоми сутуҳи дифои низомӣ байни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон хоҳем буд.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар садри ҳайати баландпояи низомӣ ба манзури иртиқову тавсеаи ҳамкориҳои муштараки дифоӣ ва низомӣ бо Тоҷикистон, рӯзи душанбе вориди ин кишвар шуд.

 

Барчасп