Май 17, 2022 20:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон
    Дидори раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқириро ба ҳузур пазируфт.

17 май дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Боқириро ба ҳузур пазируфт. 

Зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.