Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i85932-Душанбе_мизбони_ҳамоиши_тиҷоратии_Тоҷикистон_ва_Миср
Ҳамоиши тиҷоратии корофаринон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 17, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср
    Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср

Ҳамоиши тиҷоратии корофаринон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш дар чорчуби сафари ҳайати сармоягузорон ва тоҷирони мисрӣ ба Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он 30 намояндаи ширкатҳои тоҷик ва 10 намояндаи ширкатҳои мисрӣ дар заминаҳои ҳавонавардӣ, энергетика, гардишгарӣ, дорусози ҳузур доштанд.

Дар ин ҳамоиш тафоҳумномаи байни минтақаи озоди иқтисодии Кулоби Тоҷикистон ва ширкати Алшатри Миср дар заминаи эҷоди корхонаи муштарак ироаи хадамоти ҳавоӣ имзо шуд.

Меҳмонони мисрӣ дар чорчуби ин ҳамоиш бо зарфиятҳои сармоягуори ва гардишгарии Тоҷикистон ва корофаринони тоҷик бо фурсатҳои сармоягузории Миср ошно шуданд.

Ин ҳамоиш тавассути утоқи бозаргонии ва саноъати дастии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон созмондиҳи ва баргузор шуд.