Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср
-
Душанбе мизбони ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистон ва Миср
Ҳамоиши тиҷоратии корофаринон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Миср дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин ҳамоиш дар чорчуби сафари ҳайати сармоягузорон ва тоҷирони мисрӣ ба Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он 30 намояндаи ширкатҳои тоҷик ва 10 намояндаи ширкатҳои мисрӣ дар заминаҳои ҳавонавардӣ, энергетика, гардишгарӣ, дорусози ҳузур доштанд.
Дар ин ҳамоиш тафоҳумномаи байни минтақаи озоди иқтисодии Кулоби Тоҷикистон ва ширкати Алшатри Миср дар заминаи эҷоди корхонаи муштарак ироаи хадамоти ҳавоӣ имзо шуд.
- Миср хостори ифтитоҳи шуъбаҳои бонкҳои ин кишвар дар Тоҷикистон шуд
- Имзои 5 санади ҳамкорӣ - раҳоварди сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Миср
Меҳмонони мисрӣ дар чорчуби ин ҳамоиш бо зарфиятҳои сармоягуори ва гардишгарии Тоҷикистон ва корофаринони тоҷик бо фурсатҳои сармоягузории Миср ошно шуданд.
Ин ҳамоиш тавассути утоқи бозаргонии ва саноъати дастии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон созмондиҳи ва баргузор шуд.