Оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Май 18, 2022 09:27 Asia/Dushanbe
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшони Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин баёния таъкид шудааст, як гуруҳи созмонёфтаи ҷиноӣ қасди бастани роҳи байналмилалии Душанбе ба Чинро дар қаламрави ноҳияи Рӯшон доштанд, ки неруҳои интизомӣ алайҳи онон амалиёти зиддитеррористиро оғоз карданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълом кард, ин гуруҳ ба таври ғайриқонунӣ аз хориҷ аслиҳа ворид кардааст ва бо гуруҳҳои террористии хориҷӣ низ иртибот дорад.
Барчасп