Ноябр 27, 2016 10:21 Asia/Dushanbe
  • Русия ба Тоҷикистон муаллими забони русӣ мефиристад

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз мувофиқати давлати Русия барои эъзоми муаллимони забони русӣ ба Тоҷикистон, дар соли оянда (2017) хабар дод.

Ба гузориши сойти шабакаи телевизионии "Мир 24", Шукурҷон Зуҳуров пас аз дар дидор бо ҳамтои руси худ дар шаҳри Санкт-Петербург, дар ҳошияи иҷлоси Маҷмааи парлумони кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд гуфтааст, ки Маскав бо эъзоми муаллимони забони русӣ ба Тоҷикистон то моҳи сентябри соли оянда (2017), яъне оғози соли таҳсилии ҷадид дар ин кишвар мувофиқат кард.

Аммо вай дар бораи ин, ки чӣ теъдод муаллими забони русӣ ба Тоҷикистон эъзом хоҳанд шуд, оморе ироа накардааст. Давлати Тоҷикистон аз соли 2000 то кунун борҳо мавзуи зарурати эъзоми муаллимони забони русӣ аз Русия ба ин кишварро матраҳ мекунад, ки то ин авохир Маскав ба ин дархост посухи равшан намедод.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон муътақиданд, ки барои тақвияти омӯзиши забони русӣ дар мадориси давлатии Тоҷикистон ниёз ба эъзоми муаллимони забони русӣ аз Русия вуҷуд дорад. Аммо коршиносон ва рӯзноманигорон таъкид мекунанд, ки ба ҷои овардани муаллимони забони русӣ аз Русия бояд шароити маишӣ, ҳуқуқ ва дастмуздҳои тоҷикҳое, ки забони русӣ тадрис мекунанд, беҳбуд ёбад. Зеро акнун ҳазорон муаллими тоҷик бо тахассуси забони русӣ ба далели ночиз будани мизони ҳуқуқ ва дастмузди хеш, тарки мадорис карда дар Русия ба сохтусоз машғул мебошанд.

Ин дар ҳоле аст, ки таҳқиқи хабаргузории "Мониторинг Евразия" нишон медиҳад, ки 70 дарсади ҷавонони тоҷик бо эҳсоси зарурати рафтан ба Русия барои кор, хостори афзоиши соатҳо ва беҳбуди шароити омӯзиши забони русӣ дар мадориси давлатии Тоҷикистон шудаанд.

Бар асоси ин таҳқиқ, аз чаҳор якҳассаи насли ҷавони то 25 соли тоҷик ба забони русӣ мусаллат нестанд.

 

Барчасп