Май 18, 2022 17:47 Asia/Dushanbe
  • Кадоми паҳподи эронӣ дар Тоҷикистон тавлид мешавад?

Паҳбоди «Абобил-2», ки хати тавлиди он дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, решае беш аз 30 сола дар Эрон дорад ва ин эҳтимол меравад, ки дар оянда анвоъи дигаре аз ин паҳпод бо қобилиятҳои мутафовит ба сабади хариди Тоҷикистон афзӯда шавад.

Сафари генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон; кишваре бо муштаракоти фаровони фарҳангӣ ва таърихӣ бо Эрон ва савобиқи дӯстии тӯлонимуддат, яке аз ахбори муҳимми рӯзҳои ахир буд.

Аммо рӯзи гузашта, абъоди ҷадиде аз ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар арсаи низомӣ эълом шуд, ифтитоҳи хати тавлиди яке аз машҳуртарин ва коромадтарин паҳподҳои радаи сабуки Эрон, яъне «Абобил-2» дар Тоҷикистон.

Сарфи назар аз мушаххасоту вижагиҳо ва савобиқи амалиётии «Абобил-2»,  асли моҷаро, яъне эҷоди хати тавлиди як паҳподи коромаду асаргузор аз назари низомӣ дар як кишвари дигар ба таври расмӣ ва он ҳам дар кишваре, ки дар минтақаи Осиёи Миёна қарор дорад бисёр қобили таваҷҷуҳ аст.

Пеш аз ин ва дар авохири даҳаи 1380 Эрон хати тавлиди паҳподи “Муҳоҷир 2”-ро, ки он ҳам ҷузви машҳуртарин паҳподҳои Эрон дар арсаи шиносоӣ аст ба Венесуэла мунтақил карда буд. Ҳамкориҳои Эрон бо Венесуэла дар арсаи паҳподӣ имрӯза бисёр амиқтар шуда ва маҳсӯле дар радаи болм паранда ҳамонанди хонвводаи “Шоҳид 171” дар Венесуэла дида шудааст, ба илова паҳподи размӣ-шиносоии “Муҳоҷир 6” ҳам, ки он ҳам тавонмандиҳои қобили таваҷҷӯҳе дорад қарор аст дар Венесуэла ба тавлид бирасад.

Муқовимати исломӣ дар Ироқу Лубнон ҳам аз корбарони паҳподҳои мухталифи эронӣ дар радаҳои мухталифи бурд ва танаввуъи маъмурият ҳастанд, хусӯсани Ҳизбуллоҳи Лубнон аз қадимитарин корбарони маҳсӯлоти паҳподии Эрон буда ва амалиётҳои мутааддиди муваффақе бо онҳо дар баробари режими саҳюнистӣ доштааст, аз ҷумлаи онҳо парвози паҳподе ба номи «Айюб» то наздикии маркази ҳастаии Димона дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ дар гузаштааст.

Сурия ҳам ба унвони узви дигаре аз меҳвари муқовимат ҳарчанд мушахасан корбари расмии паҳподҳои Эрон набошад, аммо анвоъи паҳподҳои кучаку бузурги эронӣ тайи ҳудӯди як даҳаи гузашта дар ин кишвар ва дар масири муқобила бо гурӯҳҳои террористии фаъол дар Сурия ҳузури пурранге доштаанд.

Ямаан кишвари дигаре аст, ки паҳподҳое мушобеҳи намӯнаҳои эронӣ дар он ба таври мутааддид дида мешаванд. Яманиҳо ба қобилияти тавлиди паҳпод расидаанд ва новгони бузурге аз паҳподҳои мухталиф дар ихтиёр доранд, ки ҳазинаҳои бисёре бар иқтисоди низомии режими Саудӣ ворид кардаанд ва ҷузви абзорҳои таъсиргузор дар ҷиҳати дифо аз мардуми мазлӯми Яман дар баробари таҷовузҳои ваҳшиёнаи Оли Сауд ҳастанд.

Ҳол Тоҷикистон, ки ба унвони кишваре, ки дар таҳрим қарор надорад ва ба ҳамин далел аз имкони дастрасӣ ба анвоъи паҳподҳои хориҷӣ бархӯрдор аст, барои радаи сабук, паҳподи эронии «Абобил-2» интихоб кардааст.