Сафари ҳайате аз вилояти Суғд ба Туркия
Май 18, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
Як ҳайати иқтисодӣ ва тиҷорӣ аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Туркия сафар кардааст.
Ба гузориши сомонаи раёсати вилояти Суғд, ин ҳайат ба сарпарастии Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят ба манзури баррасии роҳҳои ҷазби сармояи ширкатҳои туркӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории шимоли Тоҷикистон ба Туркия рафтааст.
Ин ҳайат дар боздид аз марокизи санъатӣ ва манотиқи озоди иқтисодии шаҳрҳои Анталия, Истонбул ва Қайсрияи Туркия дар мавриди густариши ҳамкориҳои ҷониби турк бо минтақаи озоди иқтисодии Суғд баҳсу табодули назар хоҳад кард.
Ҳамчунин дар шаҳри қайсрияи Туркия ҳамоиши муштараки маҳофили иқтисодӣ ва бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон ва Туркия баргузор хоҳад шуд.
Барчасп