Имзои тафоҳумномаи кумаки молӣ барои идомаи таъмиру бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак
-
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак бо 9 турбин ва зарфияти 3 миллиард килават соат барқ 51 сол қабл сохта шудааст
Мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон созишномаи кумаки молӣ барои идомаи таъмир ва бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ- обии Норакро имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар барои идомаи марҳалаи дуввуми бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳ 65 миллион доллар кумаки молии ройгони Бонки Ҷаҳонӣ ва ширкатҳои байналмиллалии рушд ихтисос дода хоҳад шуд.
Файзиддин Қаҳорзода вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми имзои ин созишнома бо Увзан Сиюмели намояндаки Бонки Ҷаҳонӣ дар душанбе гуфт: Марҳилаи нахусти бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак бо кумаки 326 миллион доллари Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди зерсохтҳои Осиё ва Бонки Рушди Авра Осиё дар соли 2023 ба поён мерасад.
Вай афзӯд: Дар ин марҳала таъвизи се турбини ин нерӯгоҳ барномарези шудааст.
Дар марҳилаи дуввуми бозсозиии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак то соли 2028 таъвизи шаш турбини дигар анҷом хоҳад шуд.
Нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак бо 9 турбин ва зарфияти 3 миллиард килават соат барқ 51 сол қабл сохта шудааст.
Бештар бихонед:
- Кумаки ройгони 65 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи Норак
-
Афзоиши зарфияти тавлиди барқи нерӯгоҳи барқӣ-обии Норак пас аз бозсозии таҷҳизотӣ