Гарон шудани харҷи сафари ҳаҷҷи фарзӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи давлатии дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз гарон шудани харҷи сафари ҳаҷҷи фарзӣ дар ин кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, акнун ҳазинаи сафари ҳаҷ дар муқоиса бо солҳои қабл бо 30 дарсад афзоиш, ба 4 ҳазору 800 то 4 ҳазору 900 доллар расидааст.
Ҳол он ки қабл аз замони густариши вируси корона дар Тоҷикистон ин шохис 3 ҳазору 700 доллар буд.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин далели афзоиши ҳазинаи ҳаҷҷи имсолро қарордод бо ширкатҳои хадамотии Арабистони Саудӣ номидааст, ки бар мабнои арзиши доллар мушаххас мешавад.
Ӯ омили дигари афзоиши ҳазинаи сафари ҳаҷҷи имсолро ташдиди тадбирҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории Ковид - 19 дар Арабистон медонад, ки дар соли 2019 дар водии Мино ин шохис барои ҳар як зоир 236 доллар буд, ки акнун ба 1 ҳазору 400 доллар расидааст.