Май 21, 2022 16:40 Asia/Dushanbe
  • Имзои санади ҳамкории мудирони ширкатҳои тоҷикистонӣ ва аврупоӣ
    Имзои санади ҳамкории мудирони ширкатҳои тоҷикистонӣ ва аврупоӣ

Мудирони ширкатҳои тоҷикистонӣ ва аврупоӣ санади ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайати Тоҷикистон муташакил аз мудирони вазоратхонаҳои умури хориҷа, рушди иқтисод ва тиҷорат, молия, кумитаҳои давлатии сармоягузори ва мудирияти амволи давлатӣ, тавсеаи гардишгарӣ, утоқи бозаргонӣ ва саноъати гурӯҳи аз тоҷирони маҳалли дар ҳамоиш барои ҷазби сармоягузори хориҷӣ дар Бруссел ширкат карданд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин раисон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи Иттиҳодияи Аврупо, Парлумони Аврупо ва ҳудуди 115 тоиҷри минтақа, ки ба намояндагӣ аз саноъати бофандагӣ ва маъданӣ, ҳавзаи фановарии иттилоъот аз ҷумла ҳуши маснуъӣ, нур ва саноати ҷавоҳирсозӣ, бахши кишоварзӣ ва саноати шудани чорводорӣ, коркарди сангҳои таъзиноти ва сохтмонӣ ҳузур доштанд.

 

Барчасп