Омӯзиши забони русӣ барои шаҳрвандони афғонистонии муқими Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 May 2022 04:35:15 GMT )
Май 23, 2022 09:35 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши забони русӣ барои шаҳрвандони афғонистонии муқими Тоҷикистон

Маркази фарҳангии Русия бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии шимоли Қафқоз омӯзиши забони русӣ ба шаҳрвандони афғонистонии муқими Тоҷикистонро оғоз кард.

Ба гузориши сомонаи РИА Новости, акнун дар ин марказ 70 нафар аз афғонистониҳои 8 то 70 сол машғули фарогирии забони русӣ ҳастанд.

Ин давраҳои омӯзишӣ ба дархости ҷомеаи афғонҳои муқими Тоҷикистон эҷод шудаву ҳадафи он ошноии афғонистониҳо бо забону фарҳанги Русия аст.

Иван Иванов, намояндаи Созмони иртибототи фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ҳам гуфт, синфҳои омӯзишӣ ҳузурӣ баргузор мешавад ва мавриди истиқболи ҷомеаи афғонистониҳои муқими Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Вай афзуд, тамоми китобҳо ва васоили омӯзишӣ дар ин синфҳоро Созмони иртибототи фарҳангии Русия таъмин кардааст.