Гузаргоҳи марзии Бандари Шерхон миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дубора бозгушоӣ шуд
Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон аз бозгушоии дубораи гузаргоҳи марзии Бандари Шерхон хабар даданд.
Ба гузориши сомонаи Спутник, ин гузаргоҳи 10 рӯз қабл аз сӯи Толибон баста шуда буд.
Аммо дар пайи музокироти коргурӯҳи дуҷониба тавофуқ шуд, ки ин масири муҳимми иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон аз рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бозгушоӣ шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, Тоҷикистон ба афғонҳо муҷавизи рафту омад содир карда ва аз ин пас ин гузаргоҳ барои тақвияти ҳамкориҳои ҳамлу нақл ва тразитӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя истифода хоҳад шуд.
Тоҷикистон ба Афғонистон семент ва ангишт содир мекунад ва ин кишвар қанд ва шакар ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид месозад. Гузаргоҳи марзии Бандари Шерхон масири заминии муҳим барои ҳамлу нақл миёни Тоҷикистон, Эрон ва Покистон ба ҳисоб меояд.