Таҳлил: Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ки, буд?
(last modified Tue, 24 May 2022 08:40:16 GMT )
Май 24, 2022 13:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ки, буд?

Муҳаммадбоқир Муҳаммакдбоқиров, афсари собиқи горди марзии Тоҷикистон ва сарҳанги бознишаста буд.

Ӯ,ки аз ришсафедони мавриди эҳтироми мардум дар минтақаи Хоруғ буд, ахиран бо шилики гулӯлаи афроди ношинос ҷон бохт. Муҳаммадбоқиров  дорои собиқаи мусбат дар масири талош барои барқарории сулҳ ва амният ва ҳукумат ва  қонун дар Тоҷикистон аст. Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, ки нерӯи низомии қобиле дар миёни тоҷикистониҳо буд, пас аз итмоми ҷангӣ дохилии Тоҷикистон дар 27  июни 1997 дар иҷрои ин тавофуқнома ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даромад ва ба горди марзии Тоҷикистон пайваст.

Ба сабаби тавофуқномаи сулҳи 27 июни 1997 ӯ бар асоси саҳми 30 дарсадии иттиҳоди мухолифон дар мушорикати масъулиятҳои, мудиряти дастгоҳи марзии Мурғобро ба уҳда гирифт ва то авоили даҳҳаи 2000 дар  ин симмат боқӣ буд. Ба далели нақши мардумие ки, дошт, вайро яке аз таъсиргузортарини мақомот медонистанд. Ӯ пас аз тарки мақоми расми дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ дар минтақаи худмухторӣ Бадахшон аз афроди саршинос ва қобили эҳтиром барои мардуми маҳаллӣ боқӣ монд.

Дар мавриди наҳваи ҳамла ба вай дар 22-уми май (1-уми хурдод)ки дар соати 5:30 баъд аз зуҳр дар Хоруғ ба вуқуъ пайваст, гузоришҳои зидд ва нақиз мунташир шудааст.

Дар гузоришҳои расонаҳои давлатӣ ба нақл аз вазорати кишвари Тоҷикистон, ин қатл ба даргири миёни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақа нисбат дода шуд. Аммо манобеъи ғайрирасми аз шилики чанд фарди ношинос бо либоси низомӣ ба Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров хабар додаанд. Дар он рӯз Муҳаммадбоқиров пас аз муддатҳо хонанишинии иҷборӣ, барои рафъи дилтангӣ ба хиёбонҳо ва кӯчаҳое рафта буд, ки хотироти хушро барояш зинда мекарданд. Гарчи манобеъи расмӣ ӯро муҷрим ва мухолифи давлат муарифӣ карданд, ошноёнаш таъкид доранд,ки Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров фарди мавриди эҳтироми мардуми минтақа буд, ки ҳеҷгоҳ аз эҳтиром ва нуфӯзе, ки дар миёни мардум дошт, барои эҷоди даста ва гурӯҳи худ истифода накард ва ӯ фақат санги сабуре барои баёни мушкилот ва ниёзҳои мардуми минтақа шуда буд.