Паёми таслияти Раҳмон ба муносибати даргузашти Фидел Кастро
(last modified 2016-11-27T10:58:17+00:00 )
Ноябр 27, 2016 15:58 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳмон ба муносибати даргузашти Фидел Кастро

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон даргузашти раҳбари инқилоби Кубаро ба давлат ва мардуми ин кишвар таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар", Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар паёме даргузашти Фидел Кастроро ба Раул Кастро, раиси Шӯрои давлатӣ ва раиси Шӯрои вазирони ҷумҳурии Куба таслият гуфт.

Дар ин паём омадааст: “Хотироти Фидел Кастро ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.”

Фидел Кастро илова бар раҳбари инқилоби Куба, аз соли 1959 то 1976 ба унвони нахуствазир ва сипас аз соли 1976 то 2008 ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар машғул ба фаъолият буд.

Вай яке аз намодҳои боризи инқилобигарӣ ва истикборситезӣ дар Амрикои Лотин ба шумор мерафт ва дар даврони зимомдориаш, бисёре аз саноати Куба, миллӣ шуд.

 

Барчасп