Кушоиши намоишгоҳи зарфияти энержии барқи обии дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Wed, 25 May 2022 09:42:38 GMT )
Май 25, 2022 14:42 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши намоишгоҳи зарфияти энержии барқи обии дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе

Намоишгоҳи зарфияти энержии барқи обии дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ - 2022 дар шаҳри Душанбе кушоиш ёфт.

Ин намоишгоҳ дар ҳошияи ҳамоиши зарфияти энержии барқи обии дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ аз 25 то 27 май доир аст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш 150 нафар аз мудирони ширкатҳои пешгоми энержии таҷдидпазир, сармоягузорон аз Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия, Чин, Британия, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария ва Канада ҳузур доранд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ва намоишгоҳ ҳамчунин аз нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Норак” боздид хоҳанд кард.