Боздиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон
(last modified Thu, 26 May 2022 14:37:31 GMT )
Май 26, 2022 19:37 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон
    Боздиди раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои марзӣ бо Афғонистон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон ва фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар дидор аз посгоҳи марзии Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо афсарон ва сарбозони мустақар дар ин пойгоҳи марзӣ дидор кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор, ки ба муносибати солгарди ташкили нерӯи марзбонии Тоҷикистон анҷом шуд, гуфт: Давлат ба масъалаи таҳкими марзҳо ва таъмини воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ бо фановариҳои навин таваҷҷуҳ дорад

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар минтақа ибрози нигарони кард.

Тоҷикистон 1384 километр бо Афғонистон марзи муштарак дорад.