Май 27, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Нишасти амниятӣ дар бораи Афғонистон дар шаҳри Душанбе

Чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар бораи Афғонистон бо мушорикати Эрон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар бораи Афғонистон имрӯз - ҷумъа дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамчунин ба гузориши хабаргузории расмии Тоҷикистон - «Ховар», ин нишаст бо ҳузури мақомоти амнияти миллии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Дар ин нишаст таҳаввулоти кишвари Афғонистон ва таҳдидоте, ки минтақа бо он мувоҷеҳ аст, мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор гирифт.

Сеюмин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар 10 ноябри соли 2021 ба мизбонии Ҳинд дар Деҳлии Нав баргузор шуда буд.

Алии Шамхонӣ, намояндаи мақоми муаззами раҳбарӣ ва дабири Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Душанбе суханронӣ кард.

Шамхонӣ дар ибтидои ин суханронӣ аз раиси ҷумҳурӣ ва ҳамтои тоҷикистонии худ ба хотири баргузории чаҳорумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Вай дар идома бо табйини шароити минтақа, ба вижа таҳаввулоти Афғонистон дар бист соли гузашта ва бо ишора ба шикасту фирори шармандавори Амрико аз Афғонистон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора хоҳони барқарории амнияту сулҳу субот дар Афғонистон буда ва онро бистари мавриди ниёз барои тавсеаву рифоҳи мардуми ин кишвар ва низ мардуми минтақа медонад.

 

Барчасп