Май 27, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии содиротии «Бохтарfood - 2022» дар Тоҷикистон

Ҳамоиши байналмилалии «Бохтарfood - 2022» дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо ҳузури кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабарнигори “Форс” дар Душанбе, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамоише байналмилалӣ бо мушорикати кишварҳои алоқаманд ба ҳамкорӣ бо ин кишвар барпо шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳимояти давлати Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дуюмин сол аст, ки баргузор мешавад, меҳмонон аз кишварҳои алоқаманди ҳамкорӣ бо ин кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Туркия, Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гирдиҳам омаданд.

Дар аввалин рӯзи ин ҳамоиш ширкаткунандагону меҳмонон аз мазрааи тухмии «Ҳосилот» -и минтақаи Кӯшониён боздид ва бо кори кишоварзону боғдорон ошно шуданд.

Дар ҷараёни ин сафар меҳмонону ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз гулхонаҳои доимии мазрааи «Имоми Аъзам», ки солона беш аз 60 ҳазор тан анвои маҳсулоти кишоварзӣ дар он тавлид мешавад, боздид карданд.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Хатлони Тоҷикистон бо 38 кишвари мухталифи ҷаҳон равобити тиҷориву иқтисодӣ барқарор ва табодули тиҷории он дар соли гузаштаи мелодӣ беш аз 562 миллион доллар буд.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш ҳамчунин намоишгоҳи дастовардҳои вилояти Хатлон дар заминаи кишоварзӣ баргузор шуд.

Бар асоси гузориши дафтари матбуотии вилояти Хатлони Тоҷикистон интизор меравад, ки дар поёни ин ҳамоиши байналмилалии содиротӣ байни туҷҷори маҳаллӣ ва шуракои хориҷӣ тавофуқоте ба маблағи 19 миллион доллар ба имзо бирасад.

 

Барчасп