Шамхонӣ: Эрон омодаи иттисоли Тоҷикистон ба бандари Чобаҳор аст
(last modified Fri, 27 May 2022 15:19:07 GMT )
Май 27, 2022 20:19 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Эрон омодаи иттисоли Тоҷикистон ба бандари Чобаҳор аст

Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллӣ омодагии Эрон барои иттисоли Тоҷикистон ба обҳои ҷанубии халиҷи Форсро эълом кард.

Шамхонӣ дар дидор бо Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ишора ба мазиятҳои транзитии Эрон ва имконоти бандарӣ дар Чобаҳор, омодагии Эрон барои иттисоли Тоҷикистон ба обҳои ҷанубии халиҷи Форсро эълом кард.

Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ ва решаҳои амиқи фарҳангиву забонии ду кишвар изҳор дошт: Раҳбарони ду кишвар бо иродаи мустаҳкам дар масири эҷоди фасли ҷадид дар равобити дуҷониба, гомҳои мустаҳкамеро бардоштаанд, ки масъулияти мо барои шитоб додан ба равобитро музоаф кардааст.

Вай афзуд, Тоҷикистон солҳост, ки хостори истифода аз бандари Чобаҳор барои иртибот бо бозорҳои хориҷӣ аст ва бо масдуд шудани роҳи нақлу интиқолоти ин кишвар аз тариқи Туркманистон ва ҳамчунин басарфаву амн набудани масирҳои дигаре ҳамчун Афғонистон, ниёзи Душанбе ба тараддуд аз тариқи бандари Чобаҳор беш аз пеш афзоиш ёфтааст.

Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Ба ҳамин ҷиҳат Тоҷикистон дастикам тайи ду даҳаи гузашта ҳамвора саъй бар барқарории иртиботи ҳасана бо кишварҳои ҷанубии худ дошта то аз ин тариқ битавонад бо ҳазинаи камтаре ба обҳои озод даст ёфтаву зимни таъмин ва воридоти колои мавриди ниёз, содироти маводи хому маъдании худ ба бозорҳои ҷаҳониро ҳам осон кунад.

Маҳмудзода ҳамчунин гуфт, ки сафари сарлашкар Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон фасли ҷадиде дар равобити дифои ду кишвар эҷод кард ва омодагӣ дорем то тавофуқоти ҳосилшударо ба суръат иҷро кунем.