Тоҷикистон тарҳҳои барқи обии хешро дар ҳамоиши Душанбе муаррифӣ кард
(last modified Sat, 28 May 2022 04:09:35 GMT )
Май 28, 2022 09:09 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон тарҳҳои барқи обии хешро дар ҳамоиши Душанбе муаррифӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон тарҳҳои барқӣ обии кишвари хешро дар ҳамоиши зарфияти энержии барқӣ обии дарёи Хазар ва Осиёи Марказӣ 2022 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ карданд.

Ба гузориши сомонаи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури 200 нафар аз мудирони ширкатҳои пешгоми энержии таҷдидпазир, сармоягузорон аз Узбекистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия, Қирғизистон, Олмон, Фаронса, Полша, Белгия, Чин, Британия, Люксембург, Туркия, Эрон, Сербия, Швейтсария в Канада бургузор гардид, тарҳҳои муҳими энержии барқӣи обии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки ба дунболи ҷазби сармояхориҷӣ барои такмили сохти нерӯгоҳи Роғун ҳастанд, ки бо шаш турбин ва сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловатт/соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Ҳамчунин роҷеъ ба сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар водии Зарафшони ҳар як бо зарфияти тавлиди 800 ва 600 миллион киловат/ соат барқ дар сол дар шимоли Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.