Май 28, 2022 09:42 Asia/Dushanbe
  • Меҳмонхонаи

Меҳмонхонаи "Тоҷикистон" ва бинои “Тоҷиксодиротбонк” барои тасвияҳисоби муштариёни ин бонки варшикаст шуда ба фурӯш мерасад.

Ба гузориши сомонаи Топтҷ, дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии ин бонк ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шудааст.

Ин меҳмонхона аз 139 ҳуҷра ва зиёда аз ду гектар замин иборат буда, масоҳати бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ гуфта мешавад.

Моҳи декабри соли 2021 дар поёни як ҷаласаи парлумони раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 70 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд.

Тобистони соли 2021 Бонки Миллии Тоҷикистон муҷаввизи ду “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” кишварро лағв кард.

Дар замон гуфта мешуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ба 5 ҳазор 500 муштарӣ ва “Агроинвестбонк” ба 27 ҳазору 500 муштарӣ қарздор ҳастанд, ки бояд бо ҳукми додгоҳи вижа аз ҳисоби фурӯши амвол ва дафтарҳои хеш талаби ононро пардохт кунанд.

 

Барчасп