Май 28, 2022 21:12 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити тиҷорати дар дастури кори Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ
    Густариши равобити тиҷорати дар дастури кори Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Муъовини Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳайати тиҷории Кореяи Ҷанубӣ, ки бо ҳадафи ошноӣ бо фурсатҳои сармоягузорӣ вориди Тоҷикистон шуд, дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Шараф Шерализода, муъовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳайати тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ мулоқоқт кард.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб ҳадаф аз сафари ҳайати Кореяи Ҷанубӣ ба Душанберо ошноӣ бо фурсатҳои сармоягуори, пайдо намудани шарикон ва эҷоди корхонаҳои муштарак эълом кард.

Дар ин дидор дар мавриди густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаи густариши имконоти ҳамкории дуҷониба дар хусуси мушорикати мустақим байни бахши хусусии ду кишвар ба манзури ҷазби сармоягузори табодули назар сурат гирифт.

Барчасп