Коргарони муҳоҷири тоҷик дар мақоми аввали вуруд ба вилояти Свердловскии Русия
(last modified Sun, 29 May 2022 14:21:36 GMT )
Май 29, 2022 19:21 Asia/Dushanbe
  • Коргарони муҳоҷири тоҷик дар мақоми аввали вуруд ба вилояти Свердловскии Русия
    Коргарони муҳоҷири тоҷик дар мақоми аввали вуруд ба вилояти Свердловскии Русия

Мақомоти интизомии вилояти Свердловскии Русия эълом карднд бештарин теъдоди коргарони муҳоҷир дар ин вилоят шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Валерий Горилих сухангӯи полиси ин минтақа гуфт аз оғози имсол то кунун 87 ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин минтақа сафар карданд, ки 40 ҳазору 700 тан ё 48 дарсади онҳо тоҷик ҳастанд.

Вай таъкид кард бештари коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳрҳои Екатеринбург, Сисрет ва Березовский кору зиндагӣ мекунанд.

Валерий Горилих идома дод бештари онҳо дар марказҳои саноати ва бахши сохтмонӣ кор мекунанд.