Июн 01, 2022 10:14 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 5 нафар дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон

Маркази матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани 5 нафар дар амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар пайи амалиёти неруҳои вижаи ин вазоратхона дар 31 май соли ҷорӣ 5 узви гуруҳи созмонёфтаи террористӣ дар ноҳияи Рӯшон кушта ва як тани дигар боздошт шудааст.

Ин амалиёт дар яккилометрии марзи давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон анҷом шуд ва аз аъзои ин гуруҳ як қабза аслиҳаи тактирондоз бо 200 тири фишанг, як қабза мусалсали Калашников бо 150 тири фишанг, як қабза норанҷакандози зиддитанк ба ҳамроҳи 3 хумпора, 4 қабза аслиҳаи Калашников бо 5 хишоб ва 135 тири фишанг, 5 норанҷаки дастӣ ва 2 қабза аслиҳаи Макаров бо 50 тири фишанг кашфу мусодира шуд.