Ноябр 28, 2016 18:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Венгрия

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манзури иштирок дар «Саммити оби Будапешт», озими Венгрия шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манзури иштирок дар кори «Саммити оби Будапешт», ба Будапешт, пойтахти Венгрия рафт.

Раҳмонро дар ин сафари Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ ва дигар мақомоти баланд пояи ин кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Иҷлоси байналмилалии об ба ибтикори давлати Венгрия ва ҳамкори Шӯрои ҷаҳонии об, бо шиори «Об ҳамаро ба якдигар муттасил мекунад», имрӯз дар Будапешт оғоз мешавад ва ба муддати се рӯз идома меёбад.

Дар ин иҷлоси байналмилалӣ намояндагони 117 кишвари мухталифи ҷаҳон ҳузур хоҳанд ёфт.

 

Барчасп