Июн 04, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи таърихии Тоҷикистон ва Узбакистон бо имзои раисони ҷумҳур
    Тавофуқномаи таърихии Тоҷикистон ва Узбакистон бо имзои раисони ҷумҳур

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбакистон баёнияи таърихӣ дар бораи афозиши дустӣ ва иттиҳод байни ду кишварро ба имзо расонданд.

Тоҷикистон истиқлолияти Узбакистонро дар январи соли 1992 ба расмият шинохт ва дар октиябри соли 1992 равобити дипломатик барқарор карда аст, Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ҳамокорони бозаргонии Узбакистон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо дафтари матбуъотии раёсати Ҷумҳурии Узбакистон эълом кард Шавкат Мирзиёев, раиси Ҷумҳурии Узбакистон, ки ба Тоҷикистон сафар карда аст бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор ва чандин санади ҳамкори аз ҷумла мувофиқатномаҳоеро барои эҷоди каридорҳои транзити ва марказҳои кишоварзии ҷадид ва нуфуз ба бозорҳои кишварҳои севвум имзо карданд.

Ба гуфтаи ду тараф қарордодҳои дуҷониба фурсатҳоеро барои ҳамкории байни корофаринони ду кишвар дар заминаҳои истихроҷ ва фаровардаи хокаи оҳан бахши бофандагӣ ва ҳамчунин таъмини алюмини барои Узбакистон фароҳам мекунад.

Сарони ду кишвар ҳамчунин аз роҳандозии хатти роҳи оҳан байни пойтахтҳои Узбакистон ва Тоҷикистон аз 20 июн хабар доданд.

 

Барчасп