Июл 27, 2016 11:11 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон норӯшан аст

Муовини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо таъкид бар омодагии кишвараш барои сохти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон дар қаламрави худ гуфтааст, ки авзои амниятии Афғонистон иҷозаи такмили ин тарҳро намедиҳад.

Муовини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, тарҳи роҳи оҳани минтақаӣ миёни Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон мубҳам аст.

Ба гузориши "Азия плюс", Усмон Қаландаров гуфтааст, ки дар шароити кунунӣ ба далели идомаи ноамниҳои Афғонистон сохти ин роҳи оҳан дар масири Тоҷикистон бо ин кишвар ғайримумкин аст.

Муовини ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бо таъкид бар омодагии Тоҷикистон барои сохти ин роҳи оҳан дар қаламрави худ афзуд: "Авзои амниятии Афғонистон иҷозаи чунин кореро намедиҳад".

Дар ҳамин ҳол, Бонки рушди Осиё ҳам авохири соли гузашта эълом кард, ки ба далели идомаи ноамниҳо дар шимоли Афғонистон наметавонад ба иҷрои ин тарҳ кӯмаки молӣ кунад.

Баҳсҳо дар бораи сохти ин роҳи оҳан дар бахши Афғонистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Туркманистон бахши марбут ба худро то дохили қаламрави Афғонистон такмил кардааст.

Пеш аз ин миёни мақомоти Душанбе ва Ишқобод бар сари иттисоли ин роҳи оҳан дар манотиқи марзии Афғонистон ва Тоҷикистон ихтилофоте буруз карда буд. Зеро ҷониби Тоҷикистон муътақид буд, ки нуқтаи иттисоли роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ба ин кишвар бояд аз шаҳристони марзии Шаҳртӯс бошад, ки масири он кӯтоҳ ва камҳазинатар аст.

Бо ин ҳол мақомати Туркманистон бар таъйини бандари Шерхон дар Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлон дар Тоҷикистон ба унвони нуқтаи иттисоли ин роҳи оҳан дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон пофишорӣ мекарданд.

Барчасп