Ноябр 28, 2016 19:45 Asia/Dushanbe
  • Азодории 28-уми моҳи сафар дар Тоҷикистон

Маросими сӯгвории риҳлати Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва имом Ҳасани Муҷтабо (ъ) дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе баргузор шуд.

Дар ин маросим сафири Эрон дар Тоҷикистон бо таслияти айёми реҳлати Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ва набераи бузургавораш қадимитарин дағдағаи навъи башар, амниятро аслитарин ва деринатарин дағдағаи ҳамаи инсонҳо ва ҳатто мавҷудоти зинда дар тӯли таърих донист ва гуфт, Анбиё ва аимма омадаанд, то ҷавомеъро ба амнияти пойдор ва безавол раҳнамун шаванд ва он ҳам чизе ҷуз вуруд ба дежи маҳками " ЛО ИЛОҲА ИЛАЛЛОҲ" ва фаҳми ботинии тавҳид, имони қалбӣ ва амалӣ ба он нест.

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ афзуд, ҳама масоибе, ки аз гузашта то кунун даст ба гиребони ҷавомеи башарӣ аст, ношӣ аз фаҳми ғалат аз мақулаи амният ва посухи ғалати инсонҳо ба ин ниёзи зотӣ ва фитрӣ аст.