Июн 06, 2022 14:25 Asia/Dushanbe
  • Зистшиноси тоҷик хостори сабти об ба унвони маҳсули тиҷорӣ шуд

Зистшиноси тоҷик пешниҳод кард, бо ислоҳи қонуни манобеи табиии Тоҷикистон, об маҳсули тиҷорӣ шавад.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Ҳомидҷон Орифов, корманди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, бо коҳиши ҳаҷми пиряхҳои табиии ин кишвар ва зарурати ҳимоят аз ин манобеи обӣ, лузуми эътои маҳсули тиҷорӣ барои об вуҷуд дорад.

Вай афзуд, ба ин далел, ки об низ ҳамонанди захоири маъданӣ сарвати миллии Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои ахир ба иллати хушксолӣ ва буҳрони об дар Осиёи Марказӣ арзиши он ба маротиб боло рафтааст.

Ҳомидҷон Орифов гуфт, ин иқдом муҷиб мешавад, ки Тоҷикистон обро дар баробари дарёфти сӯхти мавриди ниёз бо кишварҳои дигар муовиза кунад.

Бар асоси бароварди мутахассисони муҳити зист, дар даҳаҳои ахир як сеюм аз масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво ва интишори газҳои гулхонаӣ об шудааст.