Июн 06, 2022 15:01 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобит - меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Бонки Рушди Исломӣ

Дар дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири минтақаии Бонки Рушди Исломӣ ҳамкориҳои муассир дар заминаҳои мухталиф баррасӣ шуд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва мудири кишварии гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ дар Тоҷикистон бо Иброҳим Шукрӣ, мудири минтақаии Бонки Рушди Исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи иҷлоси солонаи гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ буд, ҳамкории муассири Тоҷикистон ва бонки мазкур дар заминаҳои энержӣ, ҳамлунақлу зерсохтҳо, кишоварзӣ, тиҷорат, омӯзишу парвариш ва иҷрои пружаҳои Бонки Рушди Исломӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории Бонки Рушди Исломӣ дар арсаҳои авлавиятдори иқтисоди миллии ин кишвар шуд.

Илова бар ин, тайи ин мулоқот ба намояндаи минтақаии Бонки Рушди Исломӣ дастур дода шуд то иқдомоти лозимро барои ҷилавгирӣ аз таъхир дар иҷрои пружаҳои Бонки Рушди Исломӣ дар Тоҷикистон ва тақвияти раванди иҷрои пружаҳои мавҷуд анҷом диҳад.