Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Бонки Рушди Осиё дар Душанбе
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини Бонки Рушди Осиё дар Душанбе ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Шиксин Чен, ки барои ширкат дар дувумин Ҳамоиши байналмилалии сатҳи олии "об барои рушди устувор 2018 - 2028" ба Душанбе омадааст, роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баҳсу табодули назар шуд.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар ҳоли ҳозир бо кумаки молии Бонки Рушди Осиё 17 тарҳи зербиноӣ ба арзиши молии беш аз 700 миллиондоллар дар Тоҷикистон дар дасти иҷро мебошад.
Ҳамкории Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол наздик ба ду миллиарддоллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфта, ки як миллиарду 400 миллиондоллари он ройгон будааст.