Июн 07, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини дабири кулли СММ дар Душанбе

Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо муовини дабири кулли Созмони милал дар умӯри иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Душанбе ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Луи Женмин, ки барои ширкат дар дувумин Ҳамоиши даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ба Душанбе омадааст, роҷеъ ба сатҳи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид баҳсу табодули назар шуд.

Ду тараф тасвиби 8 қатънома дар мавриди об дар СММ ва баргузорӣ дар дувумин Ҳамоиши байналмилалии даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Душанберо аз намунаҳои ҳамкории муваффақи Тоҷикистон бо Созмони милал унвон карданд.

Ҳамчунин омодагӣ барои баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023  дар мақари Созмони милал баргузор мегардад, аз дигар меҳварҳои дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Луи Женмин дар Душанбе буд.

 

Барчасп