Шарти Чин барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон
(last modified Wed, 08 Jun 2022 05:18:01 GMT )
Июн 08, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин аз моҳи апрели соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид -19 қатъ шуда буд
    Парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин аз моҳи апрели соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид -19 қатъ шуда буд

Сафорати Чин дар Душанбе шароити сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба вилояти Синкиёнги Уйғурро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, бо азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Чин пас аз ду соли вақфа, аз рӯзи 23 июни соли ҷорӣ, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии чинии “China Southern Airlines” анҷом мешавад, шароити парвози шаҳрвандони Тоҷикистон эълом шуд.

Бар асоси иттилоияи Сафорати Чин дар Душанбе, мусофирони тоҷик бояд як шабонарӯз қабл аз парвоз нусхаи катбии озмоиши манфии бемории Ковид – 19 -ро ироа намоянд. Ин гувоҳинома бояд танҳо аз сӯи озмоишгоҳи мавсум ба “Диамед” -и шаҳри Душанбе содир шавад. Ҳамчунин доштани коди сабзи вижа барои мусофирони тоҷик дар парвози Душанбе ба Урумчӣ ва ё парвозҳои транзитӣ аз тариқи қаламрави Чин илзомӣ аст.

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Чин аз моҳи апрели соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид -19 қатъ шуда буд.

 

Бештар бихонед: