Таъини сафири ҷадиди Иттиҳодии Аврупо дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 09 Jun 2022 14:45:02 GMT )
Июн 09, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Таъини сафири ҷадиди Иттиҳодии Аврупо дар Тоҷикистон
    Таъини сафири ҷадиди Иттиҳодии Аврупо дар Тоҷикистон

Муъовини Вазорати хориҷаи Литва ба унвони сафири ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон таъин шуд.

Ба гузориши Форс, Раймундас Кароблис, муъовини Вазорати умури хориҷаи Литва ба унвони сафири ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе таъин шуд.

Пеш аз ин Марлин Ҷузфасун дипломати Шваетсария дар ин мақом қарор дошт, ки акнун ба унвони раиси дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Қирғизистон таъин шуд.

Сафири ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо 54 сола аст ва хатмкунандаи бахши ҳуқуқии донишгоҳи Велнюз аст.

Вай дар солҳои 2016-2020 раёсати Вазорати дифоъи Литваро бар уҳда дошт.

Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои 2014-2020 дар маҷмуъ ба Тоҷикистон маблағи 227 миллион евра кумак карда аст.