Нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкорҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Беларус
(last modified Sat, 11 Jun 2022 05:24:47 GMT )
Июн 11, 2022 10:24 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкорҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Беларус

15-умин нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкорҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Минск баргузор гардид.

Ба гузориши сомонаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин нишаст, ки ба раёсати Саадӣ Каримзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Игор Брило, вазири рушди манотиқи рустоии Беларус баргузор гардид, дар бораи сатҳи феалӣ ва дурнамои равобит ду кишвар баҳсу табодул назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст роҳҳои тақвияти равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, саноат, кишоварзӣ, сармоягузории муштарак, ҳамлу нақл ва транзит, маориф ва илм ва гардишгарӣ мавриди баррасӣ қарор гирфт.

Дар пайи ин нишаст созишномаи ҳамкорӣ миёни “Амонатбанк”-и Тоҷикистон ва “Бонки Рушд”-и Беларус имзо шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Роман Головченко, нахуствазири Беларус аз коҳиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Ба гуфтаи вай, се моҳи нахусти соли ҷорӣ арзиши муомилоти тиҷорӣ бо Тоҷикистон 13 миллиону 900 ҳазор доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 30 дарсад коҳиш доштааст.