Таҷҳизи бемористони низомии муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон поён ёфт
(last modified Sun, 12 Jun 2022 06:21:43 GMT )
Июн 12, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи бемористони низомии муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон поён ёфт

Бо ҳузури сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон маросими итмоми таҷҳизи беморстони низомии муштарак баргузор шуд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Вироҷ Синг ба намояндагӣ аз мақомоти Ҳинд ин бемористони низомиро ба генерал Абдулсаттори Шоҳиён-муовини вазири дифоъи Тоҷикистон таҳвил дод.
Ин бемористон аз тарафи давлати Ҳинд таҷҳиз шудааст ва 50 тахти бемористон ва бахшҳои озмоишгоҳ, ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ ва таваллуд дорад.
Ҳамчунин теъдоди васоили нақлияи мавриди ниёзи ин маркази дармонӣ ба мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон таҳвил шуд.
Ҳиндустон дар соли 2018 низ 10 мошини ёрии таъҷилӣ ба Тоҷикистон эҳдо карда буд.