Кушта шудани ду тан аз аъзои гуруҳҳои ғайрирасмӣ дар Бадахшони Тоҷикистон
(last modified Mon, 13 Jun 2022 09:19:09 GMT )
Июн 13, 2022 14:19 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду тан аз аъзои гуруҳҳои ғайрирасмӣ дар Бадахшони Тоҷикистон

Ду тан аз аъзои гуруҳҳои ғайрирасмӣ дар Бадахшони Тоҷикистон кушта шуданд.

Амалиёти вижа алайҳи ду тан аз аъзои гуруҳҳои ғайриқонунии созмонёфта дар шаҳри Хоруғ анҷом шуд.

Дар ин амалиёт Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов кушта шудаанд.

Иттиҳоми Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов анҷоми фаъолиятҳои террористӣ, қатл, авбошӣ, мамониат барои иҷрои адолат, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа, тасарруфи сохтмонҳову таъсисоти давлатӣ, истифода аз хушунат алайҳи намояндаи мақоми давлатӣ ва таҳрики нафрати милливу нажодӣ унвон шудааст.

Ин ду чандин бор расман барои анҷоми таҳқиқот ба мақомоти иҷрои қонун эҳзор шуда будаанд, аммо ҳар бор аз муаррифӣ ва риояти илзомоти қонунии ниҳодҳои идорӣ худдорӣ мекардаанд.