Мулоқоти мақоми тоҷик бо раиси дафтари Комиссари Олии паноҳандагони СММ
Июн 14, 2022 11:20 Asia/Dushanbe
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон бо раиси дафтари Комиссари Олии паноҳандагони СММ дидор кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар мулоқот Дилрабо Мансурӣ бо Мулугета Зевди роҳҳои густариши равобити Тоҷикистон бавижа Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо кулияи ниҳодҳои Созмони милал баррасӣ шуд.
Дилрабо Мансурӣ дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ бо ишора ба кӯмаки Созмони Милали Муттаҳид дар барқарории сулҳу субот дар Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин созмони байналмилалӣ нақши басазое дар расидагӣ ба ҳамаи масоили мубрами ҷомеъаи ҷаҳонӣ дорад.
Вай талоши ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳалли ихтилофот байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон муассир тавсиф кард.
Барчасп