Июн 16, 2022 16:12 Asia/Dushanbe
  • 178 миллион сомонӣ мизони қарзи молиётӣ дар вилояти Хатлон
    178 миллион сомонӣ мизони қарзи молиётӣ дар вилояти Хатлон

Мудири идораи барномаи будҷаи вилояти Хатлон аз қарзи молиётии 178 миллион сомонӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз нашрияи Тоҷикистон Сангин Сайидзода гуфт: Дар оғози соли ҷорӣ ин шохис 182 миллион сомонӣ буд, ки ба 178 миллион сомонӣ расида аст.

Ӯ гуфт: Аммо бо вуҷуди ин коҳиш қарзи ноҳияҳои Темурмалик 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, Дустӣ 700 ҳазор сомонӣ ва Шаҳритуз 250 ҳазор сомонӣ аз оғози соли ҷорӣ афзоиш ёфта аст.

Мудири идораи барномаи будҷаи вилояти Хатлон изҳор кард дар 5 соли ҷорӣ барномаи давлати пардохти молиёт дар шаҳри Норак 70 дарсад ноҳияҳои Ҷомӣ ва Панҷ 96 дарсад иҷро шуда аст.

Ҳамчунин дар ин муддат вилояти Хатлон барномаи пардохти молиёт бо арзиши афзуда 96 дарсад ва молиёти иҷтимоъӣ низ 95 дарсад иҷро шуда аст.

 

Барчасп