Ифтитоҳи ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии бозаргонии "Суғд 2022" дар Хуҷанд
(last modified Fri, 17 Jun 2022 16:22:11 GMT )
Июн 17, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии бозаргонии

Ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии бозаргонии "Суғд 2022" дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури ҳудуди 200 ширкати хориҷиву дохилӣ ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши сомонаи раёсати вилояти Суғд, ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ ҳимоят аз рушди тиҷорат, афзоиши тавони содирот, густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ҷазби сармоя ва истифода аз фанновариҳои нав унвон шудааст.

Дар ҳошияи ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии бозаргонии "Суғд 2022" ва баргузории ҳамоиши тиҷорӣ, намояндагии тиҷории Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, туҷҷор ва ширкатҳои гардишгарӣ аз Чин, Туркия, Эрон, Арабистони саудӣ, Узбакистон, Беларус ва Қазоқистон 100 созишномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷикистонӣ имзо карданд.

Дар ин ҳамоиш ширкатҳои тоҷикистонӣ маҳсулоти мухталифи худро ироа карда ва қарордодҳои ҳамкорӣ барои ёфтани бозорҳои ҷадид ва шарикон имзо карданд.