Июн 19, 2022 08:52 Asia/Dushanbe
  • Имзои 40 санади ҳамкорӣ миёни бахшҳои хусусии вилояти Суғд ва Русия

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин ҳамоиш ки бо ҳузури ҳудуди 200 ширкати хориҷӣ ва дохилӣ баргузор шуд,бахшҳои хусӯсии вилояти Суғд ва Русия 40 санади ҳамкорӣ дар бораи муомилоти тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ имзо карданд .

Ғайрат Қобилзода-муовини раиси Палатаи саноъат ва бозргонии вилояти Суғд гуфт : 55 ҳазор тон зардолу ва гелос аз ин минтақа ба Русия содир шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 50 дарсадиро нишон медиҳад .
Вай афзуд : Бозаргонони Русия дар ноҳияҳои Истаравшан, Исфараонибодом ва Ашти вилояти Суғд меваҳои кишоварзони тоҷикро харидорӣ ва ба кишварашон мунтақил мекунанд . Ҳамчунин Евгений Коринков-намояндаи тиҷории Русия дар Тоҷикстон ҳам дар ҳамоиши муштараки бозаргонони ду кишвар дар шаҳри Хуҷанд гуфт : Соли 2021 арзиши муомилоти тиҷории миёни вилояти Суғд ва манотиқи Русия ба 260 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл афзоиши 100 миллион долларӣ дошт .

 

Барчасп