Июн 19, 2022 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ширкати дабири Шурои амнияти Тоҷикистон дар нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ

Дабири Шурои амнияти Тоҷикистон дар нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки дар Арманистон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Нусратуллоҳ Маҳмудзода дар ин нишаст дидгоҳи Тоҷикистонро дар бораи авзоъи амниятии минтақа, таҳаввулоти Афғонистон ва тъсири он ба кишварҳои Осиёи марказӣ эълом кард .
Дар ин нишаст асноди ҷомеъи тақвияти тавони неруҳои вижаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ барои мубориза ба тероризм, роҳҳои ҷилавгирӣ аз ҷазби ҷавонони дар созмонҳои ифротӣ ва барномаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятии кишварҳои узв барои солҳои 2022 то 2024 тасвиб шуд .
Бар асоси барномаи баргузории чандин размоиши зиддитеррористӣ дар кишварҳои узви  Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз ҷумла Тоҷикистон дар соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст .

 

Барчасп